Фарорасии Рӯзи Парчами давлатро ба ҳамаи шумо ҳамкорон ва ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!
Парчам рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчам, ки баланд аст, сари моро ҳамеша баланд медорад. Парчам ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад. Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад.
Ҳар соҳибватан ҳангоми иштирокаш дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ бо худ арзишмандтарин чиз, яъне Парчами давлатиро мебарад.
Ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва дар шахсияти Шумо тамоми миллати парчамбардори тоҷикро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, иқболу комёбӣ ва хонаободиро таманно менамоям.
Бигзор, Парчами давлатии халқи тоҷик, ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек то абад парафшон бошад!