Китоб барои инсон ғизои маънавӣ буда инсон ба воситаи мутолиаи он
метавонад худро аз вартаи ҷаҳолат раҳоӣ диҳад. Тамоми комёбиҳои илмие, ки то ба имрӯз дар сайёраи Замин ба амал омадааст натиҷаи мутолиаи китоб ва дар амал татбиқ намудани маҳсули он мебошад. Омӯзиши забон ва аз худ кардани он калиди тамоми муваффақиятҳо ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон аст. Ва беҳуда нест, ки бузургон дар васфи донистани забон гуфтаанд:
“Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”.
Хонандагони гиромӣ! дар назди шумо аввалин аудиокитоби забони русӣ ба забони тоҷикӣ истодааст. Аудиокитоби мо дар назди шумо қарордошта “Забони русӣ аз сифр барои навомӯзон” барои навомӯзон тавсия карда
мешавад. Ин китоб дар дохили худ 60 дарсро дар бар гирифта, ҳар як дарс аз 3 қисм иборат аст:
Бе надонистани грамматика шумо ҳеҷ вақт дар забони русӣ бехато ва озод гап зада наметавонед. Аз ин мебарояд, ки ҳама қисмҳои рамматикаи ин китобро шумо бояд аз худ намоед.
Сипосгузории худро ба он нафароне, ки дар омода ва таҳия намудани китоб ба ман кӯмаки назарявӣ ва амалии худро расонидаанд аз ҷумла:
Муҳаммадҷон Юсуфов, Дарья Глазырева ва Мусланбеков Эрлан мерасонам.
Ба ҳамаи шумо дар омӯзиши забони русӣ мувоффақият мехоҳам!
Желаем удачи!