|
Асосӣ
Блог
Курсҳои барномасозӣ
Дар бораи мо
Алока бо мо
Сиёсати махфият
© 2024 - 2025 PROGRAM ACADEMY
Python чист ва чаро шумо бояд онро омӯзед?
Дарси 1
Нақша:
1. Забони барномасозии Python ва маъруфияти он
2. Насб кардани барномаҳои зарӯри барои сохтани аввалин барнома
3. Барномаи аввалини шумо Python (Салом Ҷаҳон)
Муқаддима ба Python
Python яке аз беҳтарин забони барномасози мебошад, ки бо соддагӣ ва омӯзиши осони худ маълум аст. Дар ин ҷо ман якчанд сабабҳоеро овардаам, ки Шумо бояд ҳатман забони барномасозии Python –ро омӯзед:
Омӯзиши осон
: Python дорои синтаксиси оддӣ осон ва фаҳмо мебошад, ки барномасозони навомӯз метавонанд ба осони онро омӯзанд.
Забони умумӣ
: Python забоне мебошад, ки Шумо онро дар бисёр соҳаҳои барномасози метавонед истифода баред. Мисол барои таҳияи веб сайтҳо, барномаҳо барои компютер, барномаҳои мобилӣ ва ҳатто бозиҳо барои дилхоҳ дастгоҳ.
Маъруфият дар байни барномасозон
: Бисёре аз барномасозон маҳз ин забонро медонанд ва омодаанд ба шумо кумак кунанд. Яъне Шумо дар ҳалли мушкилотҳои худ танқиси намекашед.
Шумораи зиёди китобхонаҳо
: Python дорои китобхонаҳои васеъ мебошад, ки сохтани намудҳои гуногуни барномаҳоро осон мекунад.
Насб кардани Python ба компютер
Пеш аз оғози барномасозӣ дар Python, шумо бояд онро дар компютери худ насб кунед. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст?
Ба вебсайти расмии Python ворид шавед ва версияи охирини онро барои системаи оператсионии худ зеркашӣ кунед. Одатан, ин тугмаи "Download Python X.Y.Z" хоҳад буд (дар он ҷо X.Y.Z версияи Python аст).
Файли зеркашишударо кушоед ва дастурҳоро барои насбкунииҷро кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо имконоти "Иловаи Python X.Y ба PATH" -ро тафтиш кардаед.
Аввалин барномаи шумо Python
Акнун, ки Python насб шудааст, мо метавонем барномаи аввалини худро нависем.
Муҳаррири матниро мекушоем: Дилхоҳ муҳаррири матниро метавонем истифода барем. Масалан, Notepad дар Windows ё VS Code, PyCharm ё дигар IDE Python.
Пас аз кушодани муҳаррири матни коди зеринро менависем:
Дар ин барнома мо функсияи
print
-ро
барои чоп кардани ибораи «Hello, World!» дар экран истифода мебарем.
Ин файлро бо формати
.py
захира (сохранить) кунед (масалан, hello.py). Формати
.py
нишон медиҳад, ки ин файл бо забони
Python
алоқаманд аст.
Терминал (командная строка) -ро кушоед, ба суроғае, ки файли
hello.py
шумо ҷойгир аст, равед ва коди зеринро ворид кунед:
Шумо дар экран матни «Hello, World!» -ро хоҳед дид.
Тестҳои мустаҳкамкунӣ
Дониши худро санҷед ва бифаҳмед, ки то чӣ андоза ин дарсро аз худ кардаед. Оё шумо метавонед ба ин саволҳо ҷавоб диҳед?
Шурӯъ кардан
1. Python чист?
Маҷмӯаи барномаҳои Microsoft Office
0%
Забони барномасозии сатҳи баланд
0%
Техникаи идоракунии вақт
0%
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Чаро Python барои барномасозони нав хуб аст?
Python синтаксиси мураккаб дорад
0%
Python вазифаҳои гуногунро дастгирӣ намекунад
0%
Python дорои синтаксиси содда ва равшан аст
0%
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Чӣ тавр Python-ро дар компютери худ насб кардан мумкин аст?
Мустақиман аз компютери худ насб кунед
0%
Аз китобхонаҳои махсуси забонҳои барномасозӣ ситифода бурдан лозим
0%
Аз вебсайти расмии Python зеркашӣ кунед ва бо интихоби "Add Python X.Y to PATH" насб кунед
0%
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Барои натиҷаи барномаи Python –ро дидан дар терминал (командная строка) кадом кодро навистан лозим аст?
my_program.py
0%
print my_program.py
0%
python my_program.py
0%
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Коди зерин кадом натиҷаро пешниҳод мекунад?
print("Hello, World!")
Матни "Hello, World!" –ро дар экран чоп мекунад
0%
Адади тасодуфиро мебарорад
0%
Хатогиро нишон медиҳад
0%
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Ғайриқаноатбахш
Лутфан бори дигар ин дарсро такрор кунед!
Бори дигар
Қаноатбахш
Беҳтар аст бори дигар ин дарсро такрор кунед!
Бори дигар
Хуб
Ҷавобҳоятон хуб ҳастанд боз ҳам кушиш кунед!
Бори дигар
Беҳтарин!
Беҳтарин натиҷаро ба даст овардед!
Бори дигар
Олӣ!
Шумо натиҷаи олӣро нишон додед, ҳаминтавр идома диҳед!
Бори дигар
Вазифаи хонагӣ:
1. Файли нав дар асоси забони барномасозии Python созед.
2. Ибораи “Hello, World!” –ро тағйир диҳед ва онро дар экран чоп кунед.
Дарси 1
Python чист ва чаро шумо бояд онро омӯзед?
Дарси 2
Тағирёбандаҳо ва намудҳои маълумот дар Python
Дарси 3
Операторҳои шартӣ (if, elif, else) дар Python
Дарси 4
Сикл (ҳалқа) –ҳои for ва while
Дарси 5
Модулҳо дар Python
Дарси 6
Хондан ва навиштани файлҳо дар Python
Дарси 7
Ифодаҳои муқаррарӣ дар Python
Дарси 8
Кор бо базаи маълумотҳо. Қисми 1
Дарси 9
Кор бо базаи маълумотҳо. Қисми 2
Дарси 10
Китобхонаи Tkinter дар Python: Эҷоди интерфейсҳои графикии корбар