Хондан ва навиштани файлҳо дар Python

Дарси 6
Нақша:
1. Хондаи файлҳо
2. Навиштани маълумот дар файл
3. Ҳолати хониш
4. Пӯшидани файл
Хондан ва навиштани файлҳо қисми муҳими кор бо маълумотҳо дар барномасозӣ мебошад. Дар Python, ин бо истифода аз функсияҳои дарунсохт барои кор бо файлҳо анҷом дода мешавад. Биёед бифаҳмем, ки чӣ гуна файлҳоро дар Python хондан ва навиштан мумкин аст.
Хондаи файлҳо
Барои хондани файл дар Python, функсияи `open()`-ро истифода баред. Ин аст синтаксиси асосӣ:
1. Кушодани файл:
open("filename.txt", "r"): Дар ин мисол функсияи open() ду аргументро дар бар гирифтааст - номи файл ва ҳолати кушода. Ҳолати "r" маънои хонданро дорад.
2. Ҳолати хониш:
content = file.read(): Функсияи read() маълумотҳои файлро мехонад ва онро ҳамчун сатр бармегардонад.

3. Пӯшидани файл:
file.close(): Барои тоза кардани хотираи барнома пас аз хондан файлро пӯшидан муҳим аст.
Навиштани маълумот дар файл
Барои маълумотҳоро навиштан ба файл, функсияи open() низ истифода мешавад, аммо бо режими "w" (навиштан). Мо бо ин функсия метавонем баълумотҳои дар файл мавҷуд бударо иваз кунем яъне бознависӣ мекунем.
1. Кушодани файл барои навиштан:
open("filename.txt", "w"): Ҳолати "w" файлро барои навиштан мекушояд.
2. Навиштан ба файл:
file.write("Салом, Ҷаҳон!\nИн маълумоти сатри нав мебошад."): Функсияи write() матни воридгардидаро ба файл менависад.
3.Пӯшидани файл:
file.close(): Муҳим аст, ки файл пас аз навиштан пушида шавад.

Дар ин дарс, мо асосҳои хондан ва навиштани файлҳоро дар Python омӯхтем. Ин амалиётҳо ҳангоми кор бо маълумотҳо ҷузъи асосии барнома мебошанд.
Тестҳои мустаҳкамкунӣ
Дониши худро санҷед ва бифаҳмед, ки то чӣ андоза ин даро аз худ кардаед. Оё шумо метавонед ба ин саволҳо ҷавоб диҳед?
Шурӯъ кардан
Функсияи open() ҳангоми кор бо файлҳо дар Python чӣ вазифаро иҷро мекунад?
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Кадом режим (“?”) барои навиштани маълумот дар файл истифода мешавад?
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Кадом функсия барои хондани маълумотҳои файл истифода мешавад?
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Барои илова кардани маълумот дар файл кадом функсия истифода мешавад?
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Барои як ё якчанд сатрро дар экран чоп кардан кадом функсия истифода мешавад?
Ба пеш
Тафтиш кардан
Натиҷа
Ғайриқаноатбахш
Лутфан бори дигар ин дарсро такрор кунед!
Бори дигар
Қаноатбахш
Беҳтар аст бори дигар ин дарсро такрор кунед!
Бори дигар
Хуб
Ҷавобҳоятон хуб ҳастанд боз ҳам кушиш кунед!
Бори дигар
Беҳтарин!
Беҳтарин натиҷаро ба даст овардед!
Бори дигар
Олӣ!
Шумо натиҷаи олӣро нишон додед, ҳаминтавр идома диҳед!
Бори дигар
Вазифаи хонагӣ:
1. Хондан маълумот аз файл:
Файли матнии user_info.txt созед ва ба он чанд сатри матн ворид кунед.
Барномае нависед, ки ин файлро мекушояд, маълумотҳои онро мехонад ва дар экран нишон медиҳад.

2. Маълумотҳои файлро иваз кунед:
Барномае нависед, ки маълумотҳои user_info.txt –ро тағйир диҳад.


3. Ба файл маълумоти нав илова кунед:
Барномае нависед, ки новобаста аз маълумотҳои дар файл мавҷуд буда ба файл бо маълумотҳои нав ворид кунад.